Ссылки доступа

Коршикании кормандони "АBUEV GROUP" дар Қазоқистон идома дорад


Коршикании кормандони ширкати хусусии "АBUEV GROUP" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи шашум аст, ки идома дорад.

Ошпаз, фаррош ва боркашҳои ширкат аз рӯзи 30 июл ба ин сӯ ба кор намебароянд. Онҳо талаб доранд, ки кормандони зан низ ба ҳайси корманди расмӣ сабтином ва шароити корияшон беҳтар карда шавад.

"Раиси Жанаозен Максат Ибагаров 3 август омада, гуфт, ки наметавонад ин мушкилро ҳал кунад. Аз мо хостанд, шартномаеро имзо кунем, ки на сана гузошта шудааст ва на номи ширкат дар он омадааст. Мо розӣ нашудем. Мо то талабҳоямон иҷро нашавад, аз эътироз даст намекашем",- гуфт яке аз эътирозгарон 4 август.

Кормандони норозӣ бо нашри муроҷиатномаи видеоӣ аз раиси Иттиҳодияи ширкатҳои нафткаши Қазоқистон Асхат Дуйсалиев ва раиси вилояти Мангистау Серикбой Трумов хостаанд, ба қазия дахолат кунанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон нафткашҳо бо талаби маоши бештар коршиканӣ мекунанд. Танҳо дар давоми як моҳи ахир кормандони беш аз 10 ширкат дар Жанаозен корпартоӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG