Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариев 2 моҳ ҳабс шуд


Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариевро, ки дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" дастгир шуда буд, ду моҳ ҳабс кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 3 август хабар дод, ки Темир Сариев ҳам боздошт шудааст.

"Сариев ҳангоми вазири иқтисод ва ҳамзамон раиси комиссияи дахлдор буданаш ҳаҷми хисороти зистмуҳитиро дар пайи коркарди кони "Қумтор" чандин миллиард сом кам нишон додааст", - омада буд дар иттилоияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" то ин замон даҳҳо мансабдори баландпояи пешин ва кунунии Қирғизистон, аз ҷумла вакилони порлумон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоров, вакилони пешин Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев, инчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шудаанд. Ахиран президенти нахустин ва фирории Қирғизистон Аскар Оқоқев низ дар доираи ин парванда ба ватан оварда шуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Онро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард.

XS
SM
MD
LG