Ссылки доступа

Аз "Салафия" то "Паймони миллӣ". Боздошти 143 кас бо гумони ифротгароӣ дар Тоҷикистон


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 4-уми август гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 143 касро бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, 33 нафари онҳо узви созмонҳои марбут ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.

Раҳбарияти ин се созмон дар хориҷа дар гузашта гуфтаанд, шахсоне, ки бо ҷурми тарафдорӣ аз онҳо боздошту зиндонӣ мешаванд, аксаран ба онҳо иртибот надоранд. Мавқеи бештари боздоштшудаҳо ва наздикону вакилони дифоашон дастрас нест. Маълум нест, то куҷо иттиҳомро пазируфтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми август зимни нишасти хабарӣ шумори боздоштшудаҳоро чунин баршумурд:

“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

“Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар

“Салафия” – 45 нафар

“Гурӯҳи 24” – 13 нафар

ҲНИТ – 6 нафар

“Ансоруллоҳ” – 2 нафар

“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

“Ал-Қоида” – 3 нафар

“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

Ҳаракати исломии Узбекистон – 18 нафар

Паймони миллии Тоҷикистон – 14 нафар.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо изҳороти мақомоти тоҷикро дар бораи боздошти афроди муттаҳам ба терроризм зери шубҳа бурда, гуфтаанд, мақомот бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ мухолифони худро таъқиб мекунанд. Мақомот рафтори худро ҳамеша дуруст шумурдаанд.

Илова ба ин, ба қавли вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар шаш моҳ аз “ду кӯшиши амали террористӣ пешгирӣ шуда, як амали террористӣ сабт шудааст”.

Раҳбарияти Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорат шарҳ дод, ки “ду кӯшиши амали террористӣ дар Фархору Ваҳдат пешгирӣ шуд ва як амали террористӣ дар Исфара рух дод”. Тафсилоти бештар дастрас нест. Мақомот таъкид доранд, ки дар ин ҳодисаҳо аъзои ДОИШ ва Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ даст доштанд.

То кунун ДОИШ ҳамла ба ҷаҳонгардон дар ноҳияи Данғара ва ошӯб дар зиндонҳоро ба уҳда гирифтааст. Вале раҳбарияти ҲНИТ дар хориҷа ҳамвора даст доштани аъзои собиқ ва ҷонибдоронашро дар чунин ҳодисаҳо рад кардааст.

XS
SM
MD
LG