Ссылки доступа

Дар Узбекистон марде дар таҷовузи бародарзодаи 11-солааш айбдор мешавад


Мать 11-летнего мальчика рассказала блогерше Акиде Ханум, что ее сын подвергался сексуальному насилию со стороны родного дяди в 2018-2019 годах.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Фарғонаи Узбекистон хабари таҷовуз шудани як писарбачаи 11-соларо аз сӯи амакаш дар ноҳияи Қуваи он кишвар таҳқиқ мекунанд.

Модари писарбача ба блогери маҳаллӣ Ақида Хонум хабар додааст, ки бародари ҳамсараш фарзанди ӯро дар солҳои 2018 ва 2019 таҷовуз намудааст. Худи ҷабрдида низ ин гуфтаҳоро тасдиқ кардааст.

"Ҳолати якум замоне рух дод, ки замини назди хонаашро обёрӣ мекардем. Ҳолати дувум баъди 3-4 моҳ рух дод. Хеле ранҷ мекашидам, вале аз гуфтани он ба наздиконам мешармидам. Дар ниҳоят ба модарбузаргам гуфтам, вале ӯ чорае наандешид. Модарам моҳи майи гузашта маро ба назди духтур бурд", - гуфтааст кудак ба блогер.

​Ба гуфтаи модари кудак, шавҳари ӯ низ аз ин ҳодиса хабардор будааст, вале ӯ низ чорае наандешидааст. "Аз ӯ пурсидам, ки магар шумо аз ин ҳодиса хабар доштед? Гуфт, бале огаҳ будам, вале чи кор карда метавонам? Ӯ бародари ман аст", - изҳор доштааст модари кудак.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фарғона дар пайи нашри суҳбати видеоии блогер бо модари кудак ба ин қазия таваҷҷуҳ ва тафтишро оғоз кардаанд. Шахси гумонбар дар таҷовузи кудак ба ҳабс гирифта шудааст, вале модари писарбача аз суханҳои қаблии худ даст кашидааст.

"Сардори пулиси Фарғона ба ман занг зада, гуфт, гумонбарро ҳабс кардем. Вале модари кудак аз суханҳои қаблии худ даст кашидааст. Эҳтимолан, хешонаш ба ӯ фишор овардаанд", - мегӯяд блогер.

XS
SM
MD
LG