Ссылки доступа

Коршикании кормандон дар кони нафти "Каражанбас"-и Қазоқистон


Кормандони ширкати "Caspian food", ки дар кони нафти "Каражанбас" дар вилояти Мангистауи Қазоқистон хидмат мерасонанд, коршиканӣ карданд.

Расонаи маҳаллии "Lada.kz" менависад, кормандони "Caspian food", ки нафткашҳои "Каражанбас"-ро бо ғизо таъмин мекунад, талаб доранд, маоши онҳо то 220 ҳазор танга (ҳудуди 500 доллар) зиёд шавад.

Онҳо рӯзи 4 август бо нашри муроҷиатномаи видеоие аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хостанд, ба қазияи онҳо дахолат кунад.

Эътирозгарон мегӯянд, корфармо бояд пули роҳкиро ва санҷиши коронавирусро низ, ки барои кормандони эмнашуда ҳатмӣ аст, пардозад.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон нафткашҳо бо талаби маоши бештар коршиканӣ мекунанд. Танҳо дар давоми як моҳи ахир кормандони беш аз 10 ширкат дар Жанаозен корпартоӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG