Ссылки доступа

КДАМ Қирғизистон: Як вебкам-студия дар ҳафта то $100 ҳазор даромад доштааст


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти гуруҳи ҷиноие хабар дода, ки дар он кишвар бо ташкили вебкам-студияҳо ва қонунӣ гардонидани даромадҳои ғайримашруъ машғул будааст.

Ба иттилои кумита, шаҳрвандони Қирғизистон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек 15 вебкам-студия таъсис додаанд. Як вебкам-студия дар ҳафта аз 90 то 100 ҳазор доллар даромад меовардааст. "Танҳо бо 5-10 дарсади ин пул маоши кормандон пардохт мешудааст", - афзудааст кумита.

Қудратиҳои Қирғизистон 3 август созмондиҳандагони студияҳои мазкурро дастгир карда, ҳангоми бозҷӯии манзилу маконҳои иҷораи онҳо 27 ҳазор доллар пули нақд, компютерҳо ва ашёе мусодира кардаанд, ки "ҳангоми хидматрасонии маҳрамона дар шакли онлайнӣ истифода мешаванд".

Аъзои гуруҳ занону бонувонро бо таҳдиди расонаӣ ва паҳн кардани видеоҳои маҳромонаи онҳо дар студияҳо кор мефармудаанд.

XS
SM
MD
LG