Ссылки доступа

Дар Узбекистон барои мубориза бо коррупсия сомонаи махсус таъсис дода шуд


Оҷонси зидди фасоди Узбекистон сомонаи наверо бо нишонии "Eantticor.uz" роҳандозӣ кардааст, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд тавассути он роҷеъ ба ҳолатҳои коррупсионӣ шикоят кунанд.

Ба огаҳии оҷонс, узбекистониҳо метавонанд бо ин сомона тавассути чаҳор ҷумлаи пешниҳодӣ - "Ман бо корманди содиқи идораи давлатӣ рӯбарӯ шудам", "Ман бо порагире рӯбарӯ шуда, ришва додам", "Ман бо ҳолати коррупсионӣ рӯбарӯ шудам" ва "Аз ман ришва хостанд, вале ман надодам" дар бораи фасодкорӣ хабар диҳанд.

Манбаъ афзуда, ки дар пайи таҳқиқи муроҷиати шаҳрвандон дар робита ба ҳолатҳои пешомада чораандешӣ хоҳад шуд.

Дар сомонаи мазкур раддабандии вазорату идораҳои давлатии фасодзадатарини Узбекистон низ нашр хоҳад шуд.

Дар Узбекистон борҳо мегӯянд, ки коррупсия яке аз монеаҳои аслии рушди кишвар аст. Созмони "Transparency International", ки бо омӯзиши сатҳи фасодкорӣ дар ҷаҳон машғул аст, соли 2020 дар раддабандии худ Узбекистонро дар миёни 180 кишвар дар мақоми 146 ҷой дода буд.

XS
SM
MD
LG