Ссылки доступа

Қатли Нозанини 21-сола. Толибон гуфтанд, кори онҳо набуд


Полиси вилояти Балхи Афғонистон мегӯяд, Толибон як хонуми ҷавонро барои он ба қатл расонданд, ки дар тан либоси танг дошт ва бидуни ҳамроҳии марде аз хона берун шуда буд.

Рӯзи 3-уми август раиси полиси вилояти шимолии Балх Зиё-ул-ҳақ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар деҳае рӯй дод, ки зери назорати Толибон аст. Сухангӯйи полиси Балх дирӯз иброз дошт, ки номи ин хонуми 21-сола Нозанин буд ва ӯ мехост савори мошин шуда, ба шаҳри Мазори Шариф сафар кунад.

Ба гуфтаи Одил, зан дар сар бурқа кашида буд. Сӯхангӯйи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид айбномаро рад кард ва афзуд, ки ҳамла мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG