Ссылки доступа

Боздошти 33 узви созмонҳои мамнуъ. Мухолифини тоҷик изҳороти вазирро "таблиғотӣ" номиданд


Протест сторонников таджикской оппозиции в изгнании

Мухолифони сиёсии хориҷ аз кишвар суханони вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро дар бораи боздошти тарафдоронашон рад карданд. Онҳо чунин изҳоротро "таблиғотӣ" ва навъе фишор ба мардум номиданд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, рӯзи 4-уми август гуфт, дар ним соли гузашта 33 шахси марбут ба “Гуруҳи 24”, “Ҳизби наҳзати исломӣ” ва “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро дастгир карданд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамзамон роҳбари Паймони миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамагуна баёнияҳо, ки аъзо ва намояндагони моро дар дохили кившар ҳабс кардаанд, асос надоранд ва танҳо ҷанбаи таблиғотӣ дорад.”

Ҷаноби Кабирӣ афзуд, Паймони миллии Тоҷикистон ва ҲНИТ дар дохили кишвар фаъолият надоранд.

Масъулини ҳаракати “Гуруҳи 24”, аз созмонҳои дигари мухолифи ҳукумат дар хориҷа, низ изҳороти Рамазон Раҳимзодаро “дурӯғин” хонданд. Бар асоси эълони вазири корҳои дохилӣ, соли гузашта 13 узви ин созмон дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аммо Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи ҳаракат, дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, “соли равон танҳо Раҳматҷони Маҳмадҷон – намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Русия рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.” Ҳарчанд ба гуфтаи Ашӯров, мақомоти Тоқикистон то ба ҳол дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ва чӣ тавр рабуда шудан ва дар куҷо қарор доштани ӯ чизе нагуфтаанд.

Сухангӯи “Гуруҳи 24” афзуд, “бори аввал нест, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон чунин оморҳои дурӯғинро дар чаҳорчӯбаи ҳисоботи расмӣ расонаӣ мекунанд. Онҳо бо ин кор аввал мехоҳанд қудрати худро нишон диҳанд ва сониян мардумро аз он тарсонанд, ки бо чунин ҳаракатҳои сиёсӣ робита барқарор накунанд.”

Раҳбари ҲНИТ ва ПМТ Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, “бо зиёд кардани “парвандаҳои террористӣ” ҳукумат мехоҳад, мардумро ҳамеша зери фишор ва тарс нигаҳ бидорад. Ҳукумат бо ин сиёсат ду нишон мегирад: ҳам ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, аз “гумонбаршудагон” пул биситонанд ва поин будани маошро аз ҳисоби мардум ҷуброн кунанд ва ҳам ҳеч кас дар бораи мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳарф назанад. Чун метавонад бо туҳмат ба узвияти яке аз ин созмонҳо парвандае ба зиддаш боз шавад.”

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз нерӯҳои асосии мухолифи ҳукумат дар дохили Тоҷикистон гуфта мешуд, соли 2015 манъ ва ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид шуд. Ҳукумат роҳбарияти ин ҳизбро дар ташкили ҳодисае айбдор мекунад, ки аз он “кудатои Ҳоҷӣ Ҳалим” ном бурда мешавад. Вале намояндагони ҲНИТ даст доштан дар ин ҳодисаро рад карда, гуфтаанд, мақомот ба баҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим ё Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, фаъолияти онҳоро манъ карданд.

Соли 2015 ба дунболи баста шудани ҳизб, даҳҳо узви он, бахусус аъзои раёсати ҳизб, аз сӯи мақомот боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 ин эътилофи мухолифони ҳукуматро созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кардааст. Аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

"Гурӯҳи 24", ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Пайравонаш ин қарорро сиёсӣ медонанд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз "Гурӯҳи 24" боздошту зиндонӣ шуданд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

Зимнан ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки як корманди қисми ҳарбии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноиро бо ҷурми ҳамкорӣ бо фаъолони “Гуруҳи 24” ва Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” дастгир кардаанд. Вале Муҳаммадиқболи Садриддин ва роҳбарони “Гурӯҳи 24” иртибот доштан бо низомии маҳкумшударо рад карданд.

Тақрибан ҳар шаш моҳ мақомоти Тоҷикистон аз боздошти тарафдорони гуруҳҳои мамнуъ хабар медиҳанд. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо изҳороти мақомоти тоҷикро дар бораи боздошти афроди муттаҳам ба терроризм зери шубҳа бурда, гуфтаанд, мақомот бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ мухолифони худро таъқиб мекунанд. Мақомот рафтори худро ҳамеша дуруст шумурдаанд.

XS
SM
MD
LG