Ссылки доступа

Аз телевизионҳои Русия хостанд, таҳқири ҳамҷинсгароёнро шарҳ диҳанд


Британские прыгуны в воду Том Дейли и Мэтти Ли
Британские прыгуны в воду Том Дейли и Мэтти Ли

Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз Шабакаи аввали Русия ва телевизиони "Россия 1" хост, таҳқир шудани варзишгарони ҳамҷинсгароро дар эфирҳояшон шарҳ диҳанд.

Дар изҳороти кумита омадааст, ки дар Бозиҳои олимпӣ "ҷое барои табъиз нест" ва ин созмон аз танаввуӣ ва фарогирии онҳо истиқбол мекунад.

Пештар иштирокдорони барномаҳои "Вақт нишон медиҳад"-и Шабакаи аввал ва "60 дақиқа"-и телевизиони "Россия 1"-и Русия варзишгари бритониёии ҳамҷинсгаро Тома Дейлӣ ва варзишгари дигари ҳамҷинсгаро Лорел Хаббардро таҳқир карданд.

Аз ҷумла вакили Думаи давлатии Русия Алексей Журавлёв ҳангоми шарҳи иштироки ҳамҷинсгароён дар бозиҳои Токио калимаи "залил"-ро истифода бурдааст. Узви шӯрои олии ҳизби "Русияи воҳид" Пётр Толстой онҳоро "бадахлоқон" номидааст.

XS
SM
MD
LG