Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо барои зарардидагон аз хушксолӣ дар Қазоқистон 200 ҳазор евро ҷудо мекунад


Иттиҳоди Аврупо барои кумаки молӣ расонидан ба хонаводаҳое, ки дар Қазоқистон аз хушксолӣ зарар дидаанд, 200 ҳазор евро ҷудо мекунад.

Дар иттилоияи намояндагии иттиҳод дар Қазоқистон омадааст, бо ин пул ба шаш ҳазор сокини вилоятҳои Мангистау ва Туркистони Қазоқистон, ки аз ҳама бештар зарар дидаанд, кумак карда мешавад.

"Беш аз 70 ҳазор хонавода то имрӯз зарар дидааст. Аксари онҳо чорвопарварони хурде ҳастанд, ки зиндагияшон пурра аз чорвопарварӣ вобастагӣ дорад. Бино ба хабарҳо, 80 дарсади зарардидагон аз вилояти Мангистау ҳастанд", - гуфтааст намояндагии Иттиҳоди Аврупо.

Кумаки мазкур тавассути Бунёди кумакҳои изтирорӣ ҳангоми офатҳои табиии Салиби сурх тақсим хоҳад шуд.

Қаблан дар ноҳияи Арали вилояти Қизилордаи Қазоқистон ба далели хушксолӣ вазъи фавқулода эълом шуда буд.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, моҳи июл дар Мангистау беш аз ҳазор чорво ва дар Қизилорда ҳудуди 500 чорво ҳалок шуда буд.

XS
SM
MD
LG