Ссылки доступа

Маҳбуси сиёсии қазоқ Аскар Кайирбек дар зиндон гуруснанишинӣ эълом кард


Фаъоли мадании қазоқ Аскар Кайирбек, ки бо ҷурми "ташкил"-и фаъолияти созмони мамнуъ ва иштирок дар он 1,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, дар зиндон гуруснанишинӣ эълом кард.

Вакили дифои Кайирбек Гулшод Дуйсенова хабар дод, ки шахси зери ҳимояи ӯ панҷ рӯз мешавад, аз истеъмоли ғизо худдорӣ мекунад.

"Вай талаб дорад, ки парвандааш бозбинӣ шавад. Ӯ худро бегуноҳ шумурда, мехоҳад, ки ҳукмашро дар асоси қисмҳои 1 ва 2 банди 405 Кодекси ҷиноӣ бекор кунанд", - изҳор дошт Дуйсенова.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, шахси зери ҳимояи ӯ раҳбарияти зиндонро аз гуруснанишинияш ба таври хаттӣ расман огаҳ кардааст.

Аскар Кайирбек бо иштироки худ дар ҳамоишҳои эътирозии шаҳри Нурсултон маъруф буда, пайваста масоили марбут ба ҳуқуқи инсону заминро матраҳ ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб мекард. Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷонибдоронаш парвандаи ӯро сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG