Ссылки доступа

Туркманистон тирамоҳу зимистон ба Қирғизистон барқ медиҳад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар доираи мулоқоти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидору гуфтугӯ кардааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, ҷонибҳо "масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ, содироти газу барқ аз Туркманистон ба Қирғизистон ва рушди сайёҳӣ"-ро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин иҷрои созишномаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни сафари Ҷабборов ба Туркманистон баҳс шудааст.

Раҳбарони ду кишвар дар мавриди интиқоли газу барқи Туркманистон ба Қирғизистон дар фасли тирамоҳу зимистон ба тавофуқ расидаанд. Ба ҷуз ин, 14 санаде имзо шудааст, ки ба тақвият, рушд ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона равона шудаанд.​

Содир Ҷабборов рӯзҳои 5 ва 6 август дар Мулоқоти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Туркманистон баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG