Ссылки доступа

Дар ҳамаи минтақаҳои Узбекистон боғчаҳои сайёр ташкил мешавад


Сар аз соли хониши 2021-2022 дар тамоми минтақаҳои Узбекистон, ба ҷуз аз пойтахт -- шаҳри Тошканд низоми ироаи хадамоти таҳсилоти томактабӣ дар асоси боғчаҳои сайёр ҷорӣ карда хоҳад шуд.

Дар ин бора дар қароре гуфта шудааст, ки Девони вазирони Узбекистон 3 август ба имзо расонд.

Боғчаҳои сайёр дар воситаҳои нақлиёти махсус - автобусҳо, ки ба гуфтаи мақомоти узбек, бо таҷҳизоти муосир таъмин ва ба тамоми талаботҳо ҷавобгӯ ҳастанд, ташкил карда мешаванд.

Пештар Вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон хабар дод, ки ташкили боғчаҳои сайёрро дар автобусҳои навъи "ISUZU HC 40" пешбинӣ кардаанд ва онҳо бо панелҳои офтобӣ, ҳавокашҳо, ҳоҷатхона, оби хунуку гарм, ошхона барои пухтани ғизо таъмин карда мешаванд.

Шумори кудакон дар ҳар як боғчаи сайёр на камтар аз 16 ва на зиёдтар аз 30 нафар хоҳад буд. Давомнокии дарсҳо дар як баст се соат мебошад.

Соли хониш барои боғчаҳои сайёр 2 сентябр оғоз шуда, 31 май ба поён хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG