Ссылки доступа

Аскар Оқоев аз қирғизистониҳо узр хост ва ба Москва парвоз кард


Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев рӯзи 8 август ба Москва парвоз кард. Вай 16 соли охир - баъди сарнагунии ҳукуматаш дар соли 2005 - дар Москва зиндагӣ мекард.

Бекболот Талгарбеков, яке аз ҳамсафони Оқоев гуфт, вай ҳар гоҳ, ки хост ба Қирғизистон бармегардад.

Оқоев пеш аз тарки Қирғизистон кардан дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, ҳадафи ба ватан омаданаш баҳсҳо атрофи кони тилои Қумтор буд. "Сарфи назар аз он ки ман дар пайгард эълом шуда будам, ба Қирғизистон омадам ва дар мавриди парвандаи Қумтор шоҳидӣ додам", - гуфт Оқоев.

Вай дар ин навор эътироф кард, ки дар мавриди идора ва ба ихтиёри ширкати канадагӣ додани кони тилои Қумтор ба иштибоҳҳо роҳ дода буд.

Дар интиҳои суҳбаташ вай гуфт, ки "барои иштибоҳҳои содиркардааш дар мавриди кони тилои Қумтор сидқан аз қирғизистониҳо узр мехоҳад".

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. То чанде пеш ин конро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард. Ҳамагӣ 26 дарсади саҳмияҳо кон ба Қирғизистон рабт дошт. Қумтор 10 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистон ва 20 дарсади саноати он кишварро таъмин мекунад.

Аскар Оқоев, президенти пешини Қирғизистон, ки ба таври ғайримунтазира 2 август аз Москва ба Бишкек парвоз кард, худи ҳамон рӯз аз рӯи парвандаи кони Қумтор ба саволҳои журналистон посух дод. Оқоеви 76-сола, ки 16 соли охир, баъди тарки мақоми президентӣ ва фирор аз инқилоби лолаии Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекард, бо вуҷуди ҷустуҷӯву талаби мақомот ба истирдодаш, ҳеҷ гоҳ ба ватан барнагашта буд.

Рӯзи 2 август, дар шарҳи ҳузураш дар Бишкек ба хабарнигорон дар назди дари КДАМ гуфт, ҳадафи ӯ посух додан ба саволҳои тафтишот аз рӯи парвандаи марбут ба кони Қумтор аст. Ӯ гуфт, ки ҳақи ифшои ҷузъиёти ин парвандаро надорад, вале аз мақомоти кунунии Қирғизистон изҳори сипос кард, ки барояш шароити мусоид фароҳам оварданд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 8-уми июл гуфта буд, президентони пешин – Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев – дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, дар додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар ришва додааст.

XS
SM
MD
LG