Ссылки доступа

Мансабдори қазоқистонӣ аз даъвояш зидди фаъоли ҷамъиятӣ Дуйсебоева даст кашид


Шоми 7 август раиси Хонаи фарҳанги шаҳри Чимкенти Қазоқистон Сакен Майғозиев гуфт, ки фаъоли ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон Аружан Дуйсебоеваро "бахшида" ва даъвояшро нисбати вай аз додгоҳ пас гирифтааст.

Майғозиев дар ин бора дар саҳифаиҳои шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

"Қазия аз таҷлили Наврӯз шуруъ шуд. Маблағҳо ҳадафмандона харҷ шудаанд. Ман аз пудратчиҳо ҳисобот гирифтам. Ҳисоботро назорати молӣ ва оҷонси мубориза бо фасод санҷидааст", - гуфт Майғозиев.

Майғозиев Дуйсебоеваро дар "таҳқири шаъну шараф" айбдор мекард. Дуйсебоева мегӯяд, ӯро ба хотири он ба додгоҳ мекашанд, ки талаб кард, дар бораи бештар аз ним миллиард тангаи барои таҷлили Наврӯз ба шаҳри Чимкент ҷудошуда ҳисобот дода шавад.

Аружан Дуйсебоева гуфт, ӯро ба хотири ду наворе ба додгоҳ кашидаанд, ки моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ дар интернет нашр кард. Дар навор дар бораи 565 миллион тангае баҳс мешавад, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз ба шаҳри Чимкент ҷудо шудааст.

Ҷониби даъвогар гуфта буд, чаҳор ибораи наворҳо - "гум шудани 565 миллион тангае, ки аз сӯи давлат ҷудо шуда буд", "ҷалб шудан ба фасодкорӣ - хиёнат ба мардум", "фасодкор" нисбати Майғозиев садо додаанд ва ба ин далел шаъну шарафи ӯ паст зада шудааст. Даъвогар аз додгоҳ хоста буд, ки Дуйсебоева ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб ва аз вай талаб карда шавад, ки наворҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунад.

Дуйсебоева дар гузашта гуфт, ки бо ин талаб розӣ нест.

XS
SM
MD
LG