Ссылки доступа

Қирғизистон истифодаи воксини AstraZeneca-ро дубора шуруъ мекунад


Дар Қирғизистон шуруъ аз 9 август истифодаи воксини AstraZeneca зидди коронавирус дубора ба роҳ монда мешавад.

Аз вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон гуфтанд, баъди он ки як сокини вилояти Ҷалолобод дар пайи гирифтани воксинаи AstraZeneca таъсироти манфӣ бардоштааст, комисия таъсис шуда ва ин ҳодисаро омӯхтааст.

Вазорат хабар дод, ки "аз 90 нафари воксингирифта 4 тан таъсироти манфӣ бардоштаанд".

Комисия ба хулоса расидааст, ки таъсирҳои манфӣ дар пайи "вокунишҳои марбут ба тарсу ҳарос аз воксин" сар задаанд ва ҷиддӣ нестанд.

Моҳи июл Озарбойҷон ҳамчун кӯмаки башарӣ ба Қирғизистон 40 ҳазор вояи воксини AstraZeneca ирсол кард. Рӯзи 22 июл воксинзанӣ бо AstraZeneca дар Қирғизистон ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG