Ссылки доступа

Дар ғарби Қазоқистон сокинон нахостанд, "гирдиҳамоии ҳамҷинсгароён" баргузор шавад


Рӯзи 8 август дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон наздики 100 сокини маҳаллӣ "зидди гирдиҳамоии ҳамҷинсгароён дар маркази вилоят" эътироз карданд.

Сокинон гуфтанд, аз ҳокими вилоят тақозо мекунанд, ки намояндагони ақалиятҳои ҷинсиро ба Оқтеппа роҳ надиҳад.

Фаъолони гуруҳи Feminita тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки рӯзи 13 август дар шаҳри Оқтеппа гирдиҳамоии ақалиятҳои ҷинсиро баргузор мекунанд.

Пештар аз ин гирдиҳамоии фаъолони гуруҳи мазкур дар шаҳрҳои Қарағанда ва Чимкент ба ҳам зада шуд.

XS
SM
MD
LG