Ссылки доступа

Арабистони Саудӣ ба хонаводаи пизишкони қурбонии COVID $133 ҳазорӣ медиҳад


Расонаҳои расмии Арабистони Саудӣ навиштанд, мақомот барои ҳар кадом хонаводаи пизишконе, ки дар мубориза бо вабои коронавирус фавтидааст, 133 ҳазор долларӣ пардохт мекунанд.

Дар хабари расмӣ омадааст, ин маблағ ба ҳамаи пизишкон - новобаста аз он ки дар беморхонаи давлатӣ фаъолият мекард ё дар беморхонаи хусусӣ, шаҳрванди Арабистон буд хориҷӣ - пардохт карда мешавад.

Ҳукумати Арабистон гуфтааст, пизишкони фавтида барои ҳифзи сиҳатӣ ва амнияти шаҳрвандони кишвар ҷони худро қурбон кардаанд.

Дар он кишвар то имрӯз 8320 ҳолати гирифтории пизишкон ба вабои коронавирус сабт шуда, аммо маълум нест, чи теъдод аз пизишкон дар натиҷаи гирифторӣ ба вабо фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG