Ссылки доступа

Дар Қирғизистон намехоҳанд, нозирони минтақавӣ ҷиноятҳои иқтисодиро пайгирӣ кунанд


Дабири кулли Шӯрои соҳибкории зидди фасоди назди президенти Қирғизистон Нуруйпа Муканова ташаббуси вазири иқтисод ва молияро дар мавриди ба нозирони минтақавӣ додани салоҳияти пайгирии ҷиноятҳои иқтисодӣ шарҳ дод.

Дар изҳороти вай омадааст, ки дар сурати ба нозирони минтақавӣ додани чунин салоҳият, барои фасодкорӣ заминаи мусоид фароҳам мешавад.

"Нозири минтақавӣ бояд танҳо ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят дар минтақаи худ машғул бошад ва фаъолияти соҳибкоронро назорат накунад", - гуфт Нуруйпа Муканова.

Ҳукумати Қирғизистон 15 марти соли ҷорӣ хабар дод, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодиро барҳам ва салоҳиятҳои онро ба ниҳодҳои дигар медиҳад. Моҳи июни соли ҷорӣ президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов Хадамоти зидди фасоди КДАМ-и он кишварро барҳам дод.

Ташаббуси ба нозирони минтақавӣ додани салоҳияти пайгирии ҷиноятҳои иқтисодӣ баъди барҳам додани ин ниҳодҳо пайдо шуд.

XS
SM
MD
LG