Ссылки доступа

Толибон марказҳои Тахор ва Кундузро гирифтанд. Ҷанг дар Балху Бадахшон идома дорад


Тибқи гузоришҳо, тайи ду рӯзи охир марказҳои вилояти Тахор ва Кундузи Афғонистон, ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон, ба дасти гурӯҳи Толибон афтоданд.

Бар пояи баъзе гузоришҳо, дар бархе аз бахшҳои шаҳри Кундуз даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангӯёни гурӯҳи Толибон идома дорад.

Ба иттилои телевизиони "Тулуъ", нерӯҳои давлатии Афғонистон пас аз суқути шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахор, ақибнишинӣ карданд, аммо тавонистанд ноҳия ё вулусволиҳои Фархор ва Варсаҷи ин вилоятро аз дасти Толибон пас бигиранд.

Ба гуфтаи манбаъҳои маҳаллӣ, ҷангҳои сахт дар 25-километрии шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, идома дорад. Ин набардҳо нимашаби гузашта оғоз шудаст ва ба иттилои манбаъҳои маҳаллӣ, агар нерӯҳои ҳавоӣ қувваҳои ҳукуматиро пуштибонӣ накунанд, мумкин аст, хатти дифоӣ шикаста шавад ва Толибон ба сӯйи Мазори Шариф юриш баранд.

Шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон, низ рӯзҳои гузашта шоҳиди даргириҳои сахт миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни Толибон буд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ дар Бадахшон, ин ҳамлаҳои Толибон пас зада шуд. Дар ҳоли ҳозир, ба ҷуз аз як вулусволӣ ё ноҳия, ҳама минтақаҳои Бадахшон дар ихтиёри Толибон қарор дорад.

Қабл аз ин, Толибон шаҳрҳои Заранҷ ва Шибирғон, маркази вилоятҳои Нимрӯз ва Ҷузҷонро тасарруф карда буданд. Ҷангҳои сахт ҳамакнун дар атроф ва дохили шаҳрҳои Қандаҳор, Лашкаргоҳ ва Ҳирот идома дорад.

Дар ҳоле ки Толибон ба тасарруфи шаҳрҳо рӯ овардаанд, фишорҳо бар онҳо низ афзоиш ёфтааст. Сафорати Амрико дар Кобул рӯзи якшанбе гуфт, "агар Толибон дар садади касби машрӯияти байналмилалӣ бошанд, идомаи ҷанг онҳоро ба ин орзу наздик намесозад".

Расонаҳои амрикоӣ рӯзи шанбе гузориш додаанд, ки президенти он кишвар Ҷо Байден дастур додааст, Толибон тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии B-52 ҳадаф қарор дода шаванд.

Толибон иддао кардаанд, ки ин ҳамлаҳо таъсири зиёде бар пешравии онҳо дар шимоли Афғонистон надоштааст. Ба гуфтаи онҳо, аксар қурбониёни ин ҳамлаҳо ғайринизомиён ҳастанд. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси баъзе хабарҳо, "талафоти Толибон зиёд будааст".

Дар ин миён Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ҳамлаҳои ҳавоии худро бар Толибон афзоиш додааст ва ба онҳо талафот ворид шудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Мирвайс Станикзай гуфтааст, Толибон ба зудӣ аз ин шаҳрҳо берун ронда хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, Афғонистон як кишвари маргбор барои ғайринизомиён аст ва нисфи аҳолии ин кишвар аз ҷанг хеле зарар дидаанд. Дар ҳоли ҳозир даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар бар асари ҷангҳо хонаву кошонаи худро тарк карда, фирор намудаанд.

XS
SM
MD
LG