Ссылки доступа

Дар Узбекистон довталабони донишгоҳҳо, ки гирифтори коронавирус шуданд, имтиҳони такрорӣ месупоранд


Дар Узбекистон барои довталабони донишгоҳҳо, ки ҳангоми супоридани имтиҳонҳои шомилшавӣ ба вабои коронавирус гирифтор шуданд, имтиҳони иловагӣ ташкил мешавад.

Дар ин бора мақомоти маориф ва беҳдоштии Узбекистон хабар доданд.

Барои довталабоне, ки дар рӯзи имтиҳони шомилшавӣ таби баланд доштанд ва ба ин сабаб ба имтиҳон роҳ дода нашуда буданд, ҳамакнун давоми ду ҳафтаи баъди анҷоми имтиҳонҳои асосӣ имтиҳони иловагӣ ташкил мешавад.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки дар донишгоҳҳои Узбекистон имтиҳонҳои шомилшавӣ 5 август шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG