Ссылки доступа

Як рӯзноманигори қирғизистониро бо гумони ангехтани адовати минтақавӣ бозпурсӣ мекунанд


Сармуҳаррири нашрияи "Азия Нюс" Асланбек Сартбоевро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват карданд.

Бархе расонаҳои Қирғизистон аз қавли ҳамсари рӯзноманигор навиштанд, ки Сартбоевро кормандони мақомоти қудратӣ рӯзи 9 август бо худ бурдаанд.

Нисбати Асланбек Сартбоев бо моддаи "Ангехтани адовати нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ё минтақавӣ" парванда боз шудааст. Мақомоти тафтишотии Қирғизистон матлабҳои навиштаи ӯро, ки дар интернет нашр кардааст, ташхис кардаанд.

Сартбоев рӯзи 6 август акси раиси нави шаҳри Бишкек Таалайбек Сарибашовро дар саҳифаи Фейсбук нашр кард. Вай зери акс навишт, ки "бобунаҳои ӯшии вай ба кӣ даркоранд?". Маълун набуд, ки ғараз аз ин ҳарфҳо чист. Бархе аз корбарони Фейсбук аз Сартбоев талаб карданд, ки акси шаҳрдорӣ ва навиштаи зери онро пок кунад. Корбарон рӯзноманигорро дар ангехтани адовати минтақавӣ айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG