Ссылки доступа

Тоҷирони дар низои марзии Бодканди Қирғизистон зарардидаро бо ҷуброну қарз кӯмак мекунанд


Девони вазирони Қирғизистон ҳаҷм ва тартиби кӯмак ба соҳибкорони вилояти Бодканро тасдиқ кард, ки дар низоми марзии охири моҳи апрели соли ҷорӣ бо Тоҷикистон зарар диданд.

Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон ба бонкҳои "Айил Бонк" ва "РСК Банк" тавсия додааст, қарзи соҳибкорони бодкандиро, ки то 28 апрели соли 2021 гирифтаанд, "бахшанд".

Ба ҷуз ин, ба вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон дастур шудааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо порлумони он кишвар аз буҷаи кишвар ба 76 тоҷири зарардидаи вилояти Бодканд бо фоизи камтарин қарз дода шавад.

Ҳамчунин, вазорати иқтисод ва молия вазифадор шудааст, ки ба тоҷирон кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 14 млн 505 ҳазор сом барои пӯшонидани ҷуброни зарар пардохт кунад.

Рӯзҳои 28-30 апрели соли ҷорӣ дар марҳи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ бархост. Дар натиҷа аз ҷониби Қирғизистон 154 кас зиён дида, 36 кас фавтид. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта, 87 каси дигар зарар дид.

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон 140 манзил, як мактабу як дидбонгоҳи марзӣ тахриб шуд. Ҷониби Тоҷикистон аз тахриби 18 манзил хабар дод.

XS
SM
MD
LG