Ссылки доступа

Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca меорад


Ҳукумати Олмон эълом дошт, ки дар чаҳорчӯби имдод ба кишварҳои рӯ ба рушд зиёда аз 30 миллион вояи зидди COVID-19 тақдим мекунад.

Аз ин ҳисоб ба Тоҷикистон 100800 воя ваксинаи AstraZeneca расонда мешавад.

Дар ин бора рӯзи душанбеи 9 август дар Берлин муовини намояндаи расмии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Улрике Деммер хабар дод. Вай афзуд, ин иҷрои ваъдае хоҳад буд, ки кишвараш рӯзи 21-уми май дар ҳамоиши ҷаҳонии сарон дар Рум эълон карда буд.

Ба гуфтаи Деммер бахше аз ин ёриҳои ройгони башарӣ дар доираи барномаи байналмилалии COVAX ба Узбекистон, Судон, Ҳабашистон ва кишварҳои дигар расонда хоҳад шуд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, то аввали моҳи июл тақрибан 1 миллион нафар дар кишвар зидди COVID-19 эмгузаронӣ шудаанд, вале ин омор ҳамроҳ бо шумораҳое, ки бобати сирояти коронавирус нашр мешаванд, боварбахш нестанд. Бо вуҷуди ҳушдор аз мавҷи нави беморӣ ва даъватҳо ба карантини дуҳафтаӣ, мақомоти Тоҷикистон чораҳои сахттари эҳтиётро дар кишвар ҷорӣ накардаанд.

XS
SM
MD
LG