Ссылки доступа

Аз корбарони интернет дар Туркманистон талаб доранд, бо Қуръон қасам ёд кунанд, ки VPN истифода намебаранд


Корбарони интернет дар Туркманистон шикоят доранд, мақомот аз онҳо мехоҳанд, бо Қуръон қасам ёд кунанд, ки барои ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ аз VPN истифода намебаранд.

"Ман як сол пеш барои гузаронидани хати интернет ба манзилам ариза додам. Билохира хати интернет то манзили ман расид, ҳоло аз ман талаб доранд, бо Қуръон қасам ёд кунам, ки аз хадамоти VPN-ҳо истифода намебарам. Вале бидуни VPN намешавад, ба сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии мавриди писанд ворид шуд", - гуфт як сокини Туркманистон бо номи Айнур.

Дар Туркманистон бисёре аз шабакаҳои иҷтимоии маъруф, сомонаҳои хабарӣ бастаанд ва бидуни VPN боз намешаванд.

XS
SM
MD
LG