Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қирғизистон Бабанов ба хориҷ рафт. Вай таҳти тафтишот қарор дошт


Омурбек Бабанов, сарвазири пешини Қирғизистон ин кишварро тарк кард.

Дар ин бора Мирлан Жеенчороев, вакили порлумони Қирғизистон хабар дод.

Жеенчороев нагуфт, ки Бабанов ба куҷо рафтааст. Расонаҳои маҳаллии Қирғизистон навиштанд, ки вай бо ҳавопаймои Бишкек-Москва рӯзи 5 август тарки кишвараш кардааст.

Бабановро дар доираи парвандаи маъруф ба кони тилои "Қумтор" рӯзи 31 май боздошт карда буданд. Рӯзи 27 июл додгоҳ ҳабси пешакии Бабановро иваз ва ӯро барои табобат дар хориҷ озод кард. Амантур Абдираҳмонов, вакили мудофеи сарвазири пешин гуфт, дар Қирғизистон натавонистанд, бемории ӯро ташхис диҳанд.

Мақомоти Қирғизистон Бабановро барои фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" боздошт карда буданд.

XS
SM
MD
LG