Ссылки доступа

Дар масҷидҳои Узбекистон дар сурати воксин гирифтани намозгузорон иҷозаи ибодат дода мешавад


Шуруъ аз 13 август дар Узбекистон дар масҷидҳое иҷозаи ибодати панҷвақта дода мешавад, ки ҳамаи намозгузорон воксин гирифта бошанд.

Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон хабар дод, ҳангоми вуруд ба масҷид аз намозгузорон сертификати воксин талаб карда мешавад. Дар сурати набуди воксин ва ё санади гирифтор набудан ба коронавирус, иҷозаи вуруд дода намешавад.

Комисияи махсуси ҷумҳуриявии Узбекистон дар умури мубориза бо коронавирус тавсия додааст, ки муассисаҳои мазҳабии динҳои дигар низ дар он кишвар аз ҳамин шева кор гиранд.

Дар Узбекистон намозҳои панҷвақта дар масҷидҳо муваққатан аз 20 июл қатъ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG