Ссылки доступа

Дар шаҳри Ишқобод ҷавонеро, ки дар занозанӣ фавтид, аз болои пул партофтанд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ҳафтае пеш ҷавоне дар натиҷаи латту кӯб фавтид. Касоне, ки ӯро латту кӯб карданд, баъди фавт аз болои пул партофтаанд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса рӯзи 3 август дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Ишқобод рух додааст. Наздики 10 ҷавони аз 18 то 21-сола як ҷавони ҳамсоли худро латту кӯб кардаанд.

"Байни ҷавонон занозанӣ рух дод. Баъди ин ҷавонон ҳамсоли худро аз болои пул партофтанд", - гуфт як манбаъ аз шаҳри Ишқобод.

Пулис гумонбаронро боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG