Ссылки доступа

Соли нави хониш дар Қазоқистон ба таври анъанавӣ шуруъ мешавад


Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифт, ки соли нави хонишро ба таври анъанавӣ шуруъ кунад.

Мактабҳои минёа ва донишгоҳҳо вазифадор шудаанд, ки синфхонаҳоро поккорӣ кунанд, ниқобпӯшии хонандагон ва донишҷӯёнро назорат баранд ва ҳамарӯза таби онҳоро санҷанд.

Дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон, ки таҳти роҳбарии сарвазири он кишвар Аскар Мамин сурат гирифт, гуфта шуд, танҳо омӯзгороне ба мактаб роҳ дода мешаванд, ки воксин гирифтаанд.

Мамин ба вазорати маорифи он кишвар дастур додааст, ки то 25 август воксинзании 100-дарсадии омӯзгорон ва дигар кормандони мактабҳоро таъмин кунад.

Қазоқистон 3,4 миллион хонанда дорад. Соли ҷорӣ бештар аз 380 ҳазор кӯдак ба синфи як меравад. Дар он кишвар ҳамагӣ 7475 мактаб мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG