Ссылки доступа

Донишҷӯёни узбекистонӣ аз ҷалб шудан ба чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи истиқлол норозиянд


Донишҷӯёни чанде аз донишгоҳҳои Узбекистон дар шаҳри Тошканд ба чорабиниҳои марбут ба Рӯзи истиқлол ҷалб шудаанд.

Ҷашни Истиқлоли Узбекистон соли ҷорӣ 31 август баргузор мешавад.

Донишҷӯён гуфтанд, садорати донишгоҳҳо онҳоро иҷборан ба иштирок дар чорабиниҳо ҷалб мекунанд.

"Дар ин чорабиниҳо бештар духтарон ҷалб шудаанд. Дар ин гармои тобистон қоидаҳои карантин риоя намешавад. "Агар иштирок накунед, пас дар бораи он фикр кунед, ки таҳсилро чи гуна давом медиҳед", - таҳдид мекунанд моро", - хабар дод як донишҷӯ, ки нахост номаш бурда шавад.

XS
SM
MD
LG