Ссылки доступа

Вазири мудофиаи Русия гуфт, "Толибон" ваъдаи ҳамла накардан ба кишварҳои ҳамсояро додааст


"Толибон" назорати марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистону Узбекистонро дар даст дорад, аммо ваъда кардаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунанд.

Дар ин бора вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу рӯзи сешанбеи 10 август хабар дод.

Шойгу афзуд, толибон гуфтаанд, аз марз намегузаранд ва ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла намекунанд.

Вазири мудофиаи Русия гуфт, кишвараш артиши давлатҳои Осиёи Марказиро навсозӣ мекунад, ки онҳо тавонанд, хатарҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро пас гардонанд.

Толибон ҳафтаи гузашта шаш маркази вилояти Афғонистонро ишғол карданд.

XS
SM
MD
LG