Ссылки доступа

Созмони ҳомии рӯзноманигорон даъват дорад, тарҳи қонуни иттилои бардурӯғ дар Қирғизистон қабул нашавад


Созмони байналхалқии "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) дар робита ба тарҳи қонуни Қирғизистон "Дар бораи муҳофизат аз иттилои бардурӯғ" изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот омадааст, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бояд, ин тарҳро имзо накунад, зеро қонуни мазкур озодии расонаҳоро дар он кишвар зери хатар мегузорад.

"Ин қонун озодии расонаҳоро дар Қирғизистон барҳам мезанад", - гуфтааст мудири барномаҳои Кумитаи мазкур Карлос Мартинез де ла Серна.

Моҳи июли соли ҷорӣ порлумони Қирғизистон тарҳи қонун "Дар бораи муҳофизат аз иттилои носаҳеҳ ва бардурӯғ"-ро қабул кард, ҳарчанд моҳе пеш вакилони порлумон ин тарҳро напазируфта буданд.

Дар сурати риоя нашудани қонуни мазкур, мақомоти Қирғизистон ҳақ пайдо мекунанд, ки бидуни қарори додгоҳ сомонаҳоро банданд.

XS
SM
MD
LG