Ссылки доступа

Қирғизистон хариди барқи Туркманистонро шуруъ кард


Аз моҳи август то декабри соли ҷорӣ Туркманистон ба Қирғизистон 501,9 млн кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки ду кишвар дар ин робита созишнома имзо кардаанд.

Туркманистон то рӯзи 9 август ба Қирғизистон аллакай 19,2 млн киловат барқ интиқол додааст. Гуфтугӯҳо дар мавриди воридоти гази табиӣ аз Туркманистон ба Қирғизистон идома доранд.

Мақомоти Қирғизистон қиматеро, ки бояд барои барқу гази Туркманистон пардозанд, эълом намекунанд.

Созиши интиқоли барқу газ аз Туркманистон ба Қирғизистон дар сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Туркманистон дар моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шуда буд.

XS
SM
MD
LG