Ссылки доступа

"Ё аз ярмарка либоси мактабӣ мегиред, ё фарзандатонро қабул намекунем"


Дар ҳоле ки мардум пештар аз бозор мувофиқи хосту ҷайби худ либос мехариданд, ҳоло аз онҳо тақозо шудааст, танҳо аз ярмарка либосҳои мактабӣ бихаранд ва расид ё чекашро ба маъмурияти мактаб нишон диҳанд. Мардум инро фишор меҳисобанд, баъзе намояндагони мақомот дастгирӣ аз ширкатҳои ватанӣ медонанд.

Бо наздик шудани оғози таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон ташвиши волидон низ бештар шудааст. Дар ҳоле ки пештар аз бозор мувофиқи хосту ҷайби худ либос мехариданд, ҳоло аз онҳо тақозо шудааст, танҳо аз ярмарка ё намоишгоҳи либосҳои мактабӣ бихаранд ва ҳам расид ё чекашро ба маъмурияти мактаб нишон диҳанд. Мардум инро як навъ фишор меҳисобанд, баъзе намояндагони мақомот дастгирӣ аз ширкатҳои ватанӣ медонанд.

Моҳи августи имсол барои Сафармоҳ Давлатова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, серхарҷ ва пур аз ташвиш омад. Мегӯяд, барои ба мактаб фиристодани фарзандаш ҳадди ақал ба 500 сомонӣ, муодили тақрбан 50 доллар ниёз дорад, ки ёфтанаш барои ӯ осон нест.

“Нияти ба бозор рафтанро доштам, аммо аз мактаб гуфтанд, ки аз ярмарка либос бихаред”, -- нақл кард ӯ рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ.

Давлатова барои харидани либоси мактабӣ ба намоишгоҳи корхонаи "Нассоҷии тоҷик" рафта, вале ба гуфтаи худаш чизи зарурияшро дар онҷо ёфта натавонист. "Нарх гарон ва бар илова чизе, ки мехостам, ёфт нашуд. Дар мактаб мегӯянд, ё рафта аз ярмарка либос мехареду расид ё чеки харидро меоред, ё ҳуҷҷатҳои фарзандатонро қабул намекунем", -- шиква кард ин зан.

Либоси мактабӣ танҳо аз ширкатҳо ватанӣ
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:30 0:00

Чанд сол пеш дар мактабҳои Тоҷикистон пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ ҳатмӣ шуд, вале сокинон ҳақ доштанд, онро аз бозор бигаранд, худ бидӯзанд ва ё фармоиш диҳанд. Ҳоло ба мисли Сафармоҳ Давлатова дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин нафар шикоят кардаанд, ки аз онҳо низ расид ё чеки либосҳои харидаашонро мепурсанд.

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон чунин талабро ғайриқонунӣ донистанд. Ба гуфтаи Эҳсони Хушбахт, сухангӯйи вазорат, “дар мавриди пешниҳоди расид (чек)-и либос аз тарафи волидон ҳеч супориш нест” ва онҳо ин масъаларо пайгирӣ мекунанд.

Аммо мусоҳиби мо дар айни замон афзуд, "супориши ҳукумат аст, ки "Тоҷикматлубот" дар бозор ва мақомоти маҳаллӣ дар ҷамоату шаҳрак нуқтаҳои фурӯши либоси мактабӣ ташкил кунанд. Вазорати саноат супориш гирифта буд, ки либоси мактабиро истеҳсол намуда, ба нуқтаҳои фурӯш биорад, падару модарон бо хости дилашон бихаранд. Ин маҷбурӣ нест."

Дар мавриди фурӯши маҷбурии либоси ягонаи мактабӣ ва сифати начандон хуби он, ки аксаран аз сӯи корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мешаванд, солҳои пеш низ шикоятҳо садо медод.

Як мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки баъзе аз волидон ҳанӯз барои харидани либос ба бозор мераванд. Иддае аз онҳо гуфтанд, аз сифати либосҳои мактабии якрмаркаҳо розӣ нестанд. Гуруҳи дигар гаронии нархро далел пеш оварданд.

Шифо Собиров, як масъули корхонаи "Нассоҷии тоҷик" (Текстилкомбинати пешин), мегӯяд, нархи либос дар ярмаркаи онҳо дар муқоиса ба бозорҳо 35-40 дар сад арзонтар аст. "Аз лиҳози сифат, сифати аъло ва ба меъёр ҷавобгӯ аст", -- афзуд ӯ.

Дар ярмаркаи “Нассоҷии тоҷик” арзиши як шиму костюмро вобаста ба андозаву сифат аз 196 то 297 сомонӣ нарх гузоштаанд. Волидони чанде аз хонандагони мактаб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, арзиши либоси мактабӣ ҳамон тавре, ки дар бозор гарон шудааст, дар ярмакаҳо низ боло рафта, фарқи зиёдеро намебинанд.

"Мо ҳам бозор ва ҳам ярмаркаҳоро дидем. Қариб як хел аст. Каме арзон кунанд беҳтар аст, чун одамоне ҳастанд, ки се-чаҳор фарзанди мактабхон доранд ва зӯрашон намерасад", -- гуфт як сокини шаҳри Душанбе, ки барои харидани либос ба ярмаркаи назди боғи Куруши Кабир дар пойтахт рафта буд.

Шодиқул Ҳамроқуллов, иқтисоддони тоҷик, ба ин назар аст, ки дар умум нархи либоси мактабӣ дар кишвар гарон буда, ҳангоми муқаррар кардан нарх, дастмузд ё маоши хонаводаҳо ба назар гирифта намешавад.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, корхонаҳои ватанӣ нархи маҳсулоти худро аз ҳад зиёд гарон мегузоранд: "Масалан, арзиши аслии мол мумкин 1 сомонӣ бошад, вале дар мо арзиши онро 10 сомонӣ мекунанд. Бо маоше, ки падару модарон ё табақаи камбизоат дар Тоҷикистон мегиранд, қудрату имконияти харидан маҳсулоти гаронро надоранд".

Аз соли 2007 дар мактабҳои Тоҷикистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ шудааст. Дар аввал волидон ҳаққи интихоби либос барои фарзандонро доштанд ва онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд. Аммо солҳои охир аз волидон талаб шудааст, ки либосҳоро аз ширкатҳои ватанӣ бигиранд.

Гоҳе ҳатто ин ширкатҳо ном ба ном ҳатмӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо инро як навъ поймоли ҳуқуқи сокинон донистаанд. Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ либосҳои мактабиро тиҷорати як гурӯҳ аз мансабдорон ва ё пайвандони онҳо донистаанд, вагарна ба бовари онҳо чунин маҷбур кардан аз баҳри чист.

XS
SM
MD
LG