Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон аз шаҳрвандон хостанд, ба зиёндидагони хушксолӣ кӯмак расонанд


Вазорати кишоварзии Қазоқистон аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба зиёндидагони хушксолӣ кӯмак расонанд. Дар ин бора вазорати мазкур дар сомонаи расмиаш муроҷиатноме нашр кард.

Ба иттилои вазорати кишоварзии он кишвар, дар ҳавои гарм дар бисёре аз минтақаҳои Қазоқистон боиси хушксолӣ шуд. Вилояти Мангистау бештар аз вилоятҳои дигари он кишвар зарар дидааст.

Ба иттилои вазорат, дар вилояти Мангистау дар моҳи июл бештар аз ҳазор сар чорво, дар вилояти Қизилорда наздики 500 сар фавтид. Дар ноҳияи Арали вилояти Қизилорда вазъи фавқулода эълом шуд.

Иттиҳоди Аврупо барои хонаводаҳои аз хушксолӣ зиёндидаи Қазоқистон 200 ҳазор евро кӯмак кард. Ин кӯмакҳо тақрибан ба шаш ҳазор одам дар вилоятҳои Мангистау ва Туркистон расонида мешаванд.

XS
SM
MD
LG