Ссылки доступа

Ноиб-вазири пешини фарҳанги Қазоқистонро барои фасодкорӣ ҷарима бастанд


Сакен Мусойбеков, ноиб-вазири пешини фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар доираи парвандаи фасодкорӣ ҷарима шуд.

Дар ин бора телевизиони "Хабар 24" иттилоъ медиҳад. Ин телевзион нагуфт, ки ҳукми додгоҳ нисбати Мусойбеков кай содир шудааст.

Додгоҳ ӯро наздики 145 ҳазор доллар ҷарима бастааст.

Мусойбекови 53-сола моҳи феврали соли ҷорӣ бо гумони порагирӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор доллар боздошт шуд. Ноиб-вазир ин маблағро барои ба нафъи ширкати махсусе ҳал кардани шартномаи шарикии давлат бо бахши хусусӣ талаб кардааст.

Додгоҳ тоҷиреро, ки ба Мусойбеков пора дод, низ 145 ҳазор доллар ҷарима бастааст.

Актот Раимқулов, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон моҳи марти соли ҷорӣ гуфта буд, дар сурати исботи айби ноибаш омода аст, истеъфо диҳад. Раимқулов дар робита ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз вокуниш накардааст.

XS
SM
MD
LG