Ссылки доступа

Ерсин Еркинулӣ - қазоқтабори фирории Шинҷон дар Украина боздошт шуд


Ерсин Еркинулӣ, қазоқтабори Шинҷони Чин, ки ба далели таъқиби мусалмонҳо аз он ҷо фирор карда буд, дар Украина боздошт шуд.

Ботағоз Исо, як фаъоли ҷамъиятӣ гуфт, ки Еркинулӣ пештар аз ин Қазоқистонро тарк ва ба Украина рафта буд. Еркинулиро ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Украина бо Словакия боздошт кардаанд

Еркинулии 23-сола охири моҳи октябри соли 2020 бори аввал дар Украина бо айби убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буд. Вай талош карда буд, ки шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт ва тавассути Туркия ба Аврупо равад, аммо муваффақ нашуд.

Моҳи декабри соли 2020 дар Украина ба Еркинулӣ мақоми "дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ" доданд.

Дар соли 2018 СММ хабар дода буд, ки дар Шинҷон ҳадди ақал як миллион мусалмон иҷборан ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" бурда шудаанд.

XS
SM
MD
LG