Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, аз даромади интернетӣ андоз ситонида шавад


Вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон тасмим дорад, фаъолияти онҳоеро назорат кунад, ки тавассути интернет соҳибкорӣ ва ё хидматрасонӣ ба роҳ мондаанд.

Оқилбек Ҷабборов, вазири молияи он кишвар рӯзи 12 август гуфт, дар ин бахш 55 ҳазор кас кор мекунад. "Аммо танҳо 11 ҳазор кас дар Хадамоти андоз сабти ном шудаву аз ин теъдод ҳамагӣ 7-8 ҳазор кас андоз месупорад", - гуфт вазир.

Вай гуфт, ситонидани андозро аз ин гуруҳи одамон ба хотири чораандешӣ зидди падидаҳои манфӣ дар бахши иқтисод бояд ба роҳ монд.

Порлумони Қирғизистон 29 июл тарҳи қонун дар бораи вазъи фавқулода дар соҳаи иқтисодро қабул кард. Ин қонун ба девони вазирони Қирғизистон имкон медиҳад, ки дар бахши иқтисод ҳолати фавқулода эълом ва 20 дарсади даромадҳо ва харҷҳои буҷаро бидуни мувофиқа кардан бо порлумон тақсим созад. Қонун ҳамчунин ба девони вазирон иҷоза медиҳад, ки бидуни мувофиқаи порлумон ҳаҷми андозро боло барад ва шарти харидҳои давлатиро тағйир диҳад.

Ваколатдори ҳуқуқ дар бахши тиҷорат дар Қирғизистон Робин Орд-Смит аз қабули ин қонун изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, қонун меъёрҳое дорад, ки "метавонанд ба соҳибкорон ва иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонанд".

XS
SM
MD
LG