Ссылки доступа

Дар шарқи Туркманистон сокинон аз як моҳ пеш ба сафари президент омода мешаванд


Дар вилояти Лебапи Туркманистон барои сафари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз як моҳ пеш омодагиҳо шуруъ шудааст.

Як манбаъ гуфт, Бердимуҳаммадов охири моҳи ҷорӣ ба он вилоят меравад ва неругоҳи барқи газиро дар ноҳияи Чорҷӯ ба истифода медиҳад.

Ҳоло сокинон ба таъмири роҳҳо, рангу бори аломатҳои роҳҳо ва биноҳо фаро гирифта шудаанд.

"Дастур шудааст, ки ҳамаи корҳои ободонӣ ва поккорӣ то 15 август анҷом шаванд", - хабар дод як манбаъ аз вилояти Лебап.

Неругоҳи барқи газӣ дар Лебап бо иқтидори 432 мегаватт аз сӯи ширкатҳои ҷопониву туркӣ сохта шудааст.

Барқи тавлидӣ дар ин неругоҳ ҳам барои эҳтиёҷи дохилӣ ва ҳам барои содирот ба Афғонистону Узбекистон пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG