Ссылки доступа

Хушксолии рекордӣ дар Қирғизистон (видео)


Норасоии об кишоварзони қирғизро аз гирифтани ҳосили хуб ноумед сохта, боиси гароншавии нархи ғизои чорво низ шудааст. Коршиносон мегӯянд, камбуди об дар баробари бахши кишоварзӣ ба муҳити зист ҳам зарар расондааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар водии Чуйи Қирғизистон ҳазор ҳайвони ваҳшӣ ҳалок шудааст.

Кыргызстан страдает от рекордной засухи
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:01 0:00

Кишоварз аз Чуй Одилбек Солтобаев имсол дар замини худ юнучқа кишт кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар сол аз 1 ҳектар замин 180 той юнучқа ҷамъоварӣ мекард. Аммо имсол ба далели камобӣ ва хушксолӣ ду баробар камтар ҷамъоварӣ кардааст.

"Барои юнучқа об ҷудо намекунанд. Ҳангоми тақсими об нахуст барои лаблабуи қанд ва ҷуворимакка таваҷҷуҳ мешавад. Сипас боқимондаро барои юнучқа медиҳанд. Вале имсол барои юнучқа об нарасид", - изҳор дошт кишовари қирғиз.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мавсими ҷамъоварии ҳосил дар Қирғизистон ҳанӯз ба поён нарасидааст, вале аз ҳоло маълум аст, ки набояд ба ҳосили хуб ва зиёд умед баст. "Натиҷаи хушксолиро на танҳо кишоварзон, балки тамоми мардум эҳсос мекунанд. Агар ҳосил хуб мешуд, ҳама сер буданд. Тавре гузаштагони мо мегуфтанд, "Нон шавад, рақс ҳам мешавад", - афзуд ӯ.

Дар натиҷа дар Қирғизистон нархи ғизои Чорво ҳам боло рафтааст. "Нархи як той юнучқа ду ҳафта пеш 170 сом буд ва ҳоло он 250 сом шудааст. Тақрибан як ҳафта баъд 300 сом ва як моҳ баъд 400 (беш аз 4 доллар) мешавад. Вазъ дар зимистон чи мешавад, намедонам", - шикоят мекунад кишоварзи қирғиз.

Вазорати кишоварзии Қирғизистон ба хотири дастгирии чорвопарварон содироти ғизои чорворо манъ карда, вориди ин навъи маҳсулотро аз боҷи гумрукӣ озод намудааст.

XS
SM
MD
LG