Ссылки доступа

Хушксолӣ дар Туркманистон: чарогоҳҳо хушку чорвоҳо ҳалок шуданд


Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар вилояти Балкани Туркманистон ҳалокати дастаҷамъонаи чорвоҳо ба далели хушксолӣ мушоҳида мешавад.

Сиёсати расмии иттилоотии Туркманистон иҷозат намедиҳад, ки вазъи хушксолӣ ва ҳаҷми хисороти онро дақиқ кард. Ба гуфтаи чорвопарварони туркман, ҳарорати ҳаво дар вилоят 45 дараҷа гарм аст. Ҳамаи чарогоҳҳои минтақа хушк шуда, шутуру чорвоҳои хурд аз беобӣ ҷон медиҳанд.

Хабари вазъи бади чорвопарварони Балкан бо мавриди истифода қарор гирифтани нассоси бузурги обкаш аз рӯдхонаи Қаракум барои заминҳоиар ғарби Туркманистон ҳамзамон расонаӣ шуд.

"Онҳо барои хуб гузаштани маросими баҳрабардорӣ интиқоли об ба заминҳои Қиғиларбат, Махсумқулӣ ва Гаригалро қатъ карда, ҳавзи назди нассоси навро бо об пур карданд", - гуфт яке аз кормандони истгоҳи обкашонӣ.

Вилояти Балкани Туркманистон бо вилояти Мангистауи Қазоқистон, ки аз хушксолӣ ранҷ мебарад, ҳамсарҳад аст. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, танҳо дар моҳи июл дар ин вилоят беш аз ҳазор чорво ба иллати хушксолӣ ҳалок шудааст.

XS
SM
MD
LG