Ссылки доступа

Қирғизистон берунории шаҳрвандонашро аз Афғонистон оғоз мекунад


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон 15 август дар робита ба вазъи ахир дар Афғонистон изҳоротеро нашр кард.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳаводиси ҷорӣ дар Афғонистонро бо диққат пайгирӣ дорад. "Сафорати Қирғизистон дар Кобул дар низоми муқаррарӣ кор мекунад. Вазорат ва сафорат бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки муваққатан дар Афғонистон ба сар мебаранд, пайваста дар тамос буда, барои таъмини амнияти онҳо ва интиқолашон ба ватан тамоми талошҳоро анҷом хоҳад дод", - омадааст дар изҳорот.

Ҳаракати даҳшатафкани Толибон 15 август ҳамла ба пойтахти Афғонистон - шаҳри Кобулро ҳам оғоз кард. Ин ҳаракат минтақаҳои дигари Афғонистонро тасарруф кардааст.

XS
SM
MD
LG