Ссылки доступа

Хабари ташкили паноҳгоҳҳо барои гурезаҳои афғон дар Қазоқистон рад шуд


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабари ташкили паноҳгоҳҳо барои гурезаҳои афғонро дар он кишвар рад кард.

Дар ин ниҳод ба хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, хабари ташкил шудани паноҳгоҳҳои муваққат барои афғонистониҳое, ки дар сафорати ИМА кор мекарданд, ҳақиқат надорад.

"Хабари паҳншуда дуруғ аст. Вазъ дар Афғонистон ҳар соат тағйир меёбад ва бинобар ин, дар бораи тасмими дақиқе ҳарф задан барвақт аст", - гуфт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадяров.

Пештар дар гуруҳи телеграмии "Мансабдорон" хабаре паҳн шуд, ки гӯиё Қазоқистон барои ташкили паноҳгоҳҳои муваққат ба кормандони афғони сафорати Амрико дар Кобул розӣ шудааст.

Дар хабар гуфта шудааст, ки ин паноҳгоҳҳо дар ҷануби Қазоқистон, аз ҷумла вилояти Туркистон ташкил карда мешавад. Ҳамчунин омадааст, ки Қазоқистон дар навбати аввал то 2000 ҳазор гурезаи афғонро қабул мекунад.

XS
SM
MD
LG