Ссылки доступа

Манбаъ: "Ашраф Ғанӣ пас аз исти кӯтоҳ дар Душанбе ба Умон рафт"


Ашраф Гани
Ашраф Гани

Бино бар маълумоти як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, пас аз исти кӯтоҳ дар Душанбе ба Умон парвоз кардааст.

Ин сарчашма рӯзи 15-уми август гуфт, мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон дар ҳамоҳанг кардани парвози ҳавопаймои ӯ аз ҳарими ҳавоии Узбекистон, Туркманистон ва Эрон мусоидат кардаанд.

Санҷидани ин маълумот ба воситаи манбаъҳои мустақил ҳанӯз имконпазир нашудааст. Вале манбаъ исрор меварзад, ки "Ашраф Ғанӣ дигар дар қаламрави Тоҷикистон нест."

Мақомоти давлатии Тоҷикистон хабарҳои фуруд омадани Ғаниро дар хоки ин кишвар расман тасдиқ ё рад накардаанд.

Баъзе аз сиёсатмадорони Афғонистон рӯзи якшанбе гуфтанд, дар замоне ки ҷангҷӯёни Толибон ба Кобул расиданд, Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кардааст. Чанде аз расонаҳо бо такя ба мансабдорони афғон навиштанд, ки ӯ "ба Тоҷикистон рафтааст", вале мақомоти Душанбе ин хабарро тасдиқ ё инкор накарданд.

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, рӯзи 15-уми август дар паёме видеоӣ дар Фейсбук гуфт, "ин ки раиси ҷумҳури пешин Афғонистонро тарк кард ва кишвару миллатро дар ин ҳолат қарор дод, Худованд ҳамроҳаш муҳосиба мекунад. Мардуми Афғонистон ҳам қазовати худро хоҳанд кард."

Ғанӣ дар як паём дар Фейсбук гуфт, барои пешгирӣ аз "сели хун" аз кишвар фирор кард, вале нагуфт, ки ба куҷо рафт. Вай афзудааст, Толибон "ҳукми шамшеру туфанг"-ро ба даст овардаанд, вале "ризояти дилҳо"-ро не.

"Толибон ошкоро гуфтанд, ки барои барканории ман ҳозир ҳастанд, ба зидди Кобул ва мардуми шарифи он ҳамлаҳои хунинро анҷом диҳанд. Барои ин ки аз ҷорӣ шудани сели хун пешгирӣ шавад, рафтанро муносиб дидам", -- илова кардааст ӯ.

Расонаҳо рӯзи 15-уми август паёми видеоии ӯро нашр карда буданд, ки дар он аз нирӯҳои амниятӣ ҳифзи тартиботу қонунро мехост. Дар ҳоле ки бино ба хабарҳо ҳазорҳо корманди пулис ва нерӯҳои низомии Афғонистон мақомҳои худро тарк мекунанд.

Намояндагони "Толибон" гуфтаанд, қасди бо "зӯрӣ" гирифтани Кобулро надоранд ва ба ҷангҷӯёни худ дастур додаанд, ки дар дарвозаи шаҳр бимонанд. Баъзе аз мансабдорони афғон дар бораи баҳси интиқоли сулҳомези қудрат хабар доданд.

Сухангӯйи Толибон, Суҳайл Шоҳин, ба Би-би-сӣ гуфт, ин гурӯҳ интизори сулҳомези қудрат аст ва афзуд, "гурӯҳи исломӣ ҳуқуқи занон, озодиҳои кормандони расонаҳо ва дипломатҳоро ҳифз хоҳад кард", ҳарчанд нигарониҳо аз бад шудани вазъи амниятӣ ва ҳуқуқи инсон дар Афғонистон афзудааст.

Ашраф Ғании 72-сола ҳафт сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дошт. Ӯ дар интихоботҳои президентии соли 2014 ва 2019 ба таври расмӣ баранда эълон шудааст, ҳарчанд рақиби асосияш, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ду дафъа пирӯзии ӯро зери суол бурд.

Соли 2014 баъд аз моҷаро бар сари натиҷаҳои интихоботии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо миёнравии Амрико ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил карданд. Дар он ҳукумат аввалӣ раиси ҷумҳурӣ ва дувумӣ раиси ҳукумати иҷроия шуд.

Дар интихоботи ду сол қабл низ айни мушкил пеш омад, вале ҷонибҳо ба идомаи ҳукумати ваҳдати миллӣ розӣ нашуданд ва ҳар кадом дар алоҳидагӣ ҳамчун раиси ҷумҳурӣ савганд хӯрданд. Дертар Ашраф Ғанӣ дар мансаби президент монд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон шуд.

Ашраф Ғанӣ дар Амрико хонда, чанд сол дар Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст. Аз соли 2002 то 2004 вазири молияи Афғонистон буд.

XS
SM
MD
LG