Ссылки доступа

Боғчаҳои сайёри духтари Мирзиёев боз шуданд, вале кор намекунанд


Мобильные детсады на базе автобусов, получившие название «Аклвой».
Мобильные детсады на базе автобусов, получившие название «Аклвой».

Боғчаҳои сайёре, ки маросими ифтитоҳи онҳо дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳияи Хиваи вилояти Хоразми Узбекистон баргузор шуда буд, бо гузашти як моҳ ҳанӯз ҳам фаъолиятро оғоз накардаанд.

Сокини маҳаллаи "Дошёк"-и Хива, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, боғчаи сайёри бозшуда дар маҳаллаи онҳо ҳанӯз ҳам фаъолиятро шуруъ накардааст.

"Ба мо як моҳ пеш хабар доданд, ки дар маҳаллаамон боғчаи сайёр дар автобусҳо боз карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи боғча мансабдорони маҳаллӣ иштирок доштанд. Вале ин ҳама ба хотири худнишондиҳӣ будааст. Зеро ин боғча як рӯз ҳам кор накард. Дар кушодашавии он кудаконро аз куҷое оварда, акс гирифтанд ва дубора бурданд",- афзуд ӯ.

Дар идораи таҳсилоти томактабии Хива баргузории маросими ифтитоҳияи боғчаҳои сайёрро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, боғчаҳо ҳоло фаъолиятро оғоз накардаанд.

Як мансабдори маҳаллии Хива ба шарти ифшо нашудани номаш иқрор кард, ки онҳо кори боғчаҳои сайёрро пурра созмон надодаанд. "Аммо то Рӯзи истиқлоли давлатӣ боғчаҳо ба кор медароянд", - изҳор дошт вай.

Боғчаҳои сайёр дар воситаҳои нақлиёти махсус - автобусҳо, ки ба гуфтаи мақомоти узбек, бо таҷҳизоти муосир таъмин ва ба тамоми талаботҳо ҷавобгӯ ҳастанд, ташкил карда мешаванд.

Пештар Вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон хабар дод, ки ташкили боғчаҳои сайёрро дар автобусҳои навъи "ISUZU HC 40" пешбинӣ кардаанд ва онҳо бо панелҳои офтобӣ, ҳавокашҳо, ҳоҷатхона, оби хунуку гарм, ошхона барои пухтани ғизо таъмин карда мешаванд.

Шумори кудакон дар ҳар як боғчаи сайёр на камтар аз 16 ва на зиёдтар аз 30 нафар хоҳад буд. Давомнокии дарсҳо дар як баст се соат мебошад.

Бино ба хабарҳо, муаллифи лоиҳаи "Доноча", ки ташкили боғчаҳои сайёрро дар минтақаҳои дурдасти Узбекистон пешбинӣ мекунад, духтари хурдии президенти он кишвар Шаҳноза Мирзиёев аст.

XS
SM
MD
LG