Ссылки доступа

Як хобгоҳи Қазоқистонро барои гурезаҳои афғон омода мекунанд


Дар шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон дар бораи омодагӣ барои ҷойгиркунии як қисми гурезаҳои афғон дар ин кишвар хабарҳое нашр мешавад.

Як корманди хобгоҳи Коллеҷи рассомии шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки феълан барои гурезаҳои афғон ҷой омода мекунанд.

"Дастур шудааст, ки барои 350 гуреза аз Афғонистон ҷой омода кунем. Аз дирӯз то ҳол 100 ҷой омода кардаем", - изҳор дошт ӯ.

Дар шаҳдории Чимкнет гуфтанд, ки дар бораи ҷойгиркунии гурезаҳои Афғонистон дар ҳудуди шаҳр чизе гуфта наметавонанд. Масъулони шаҳрдории Чимкент пешниҳод карданд, ки барои дарёфти иттилоъ дар ин бора ба мақомоти Нурсултон муроҷиат карда шавад.

Пештар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабари ташкили паноҳгоҳҳо барои гурезаҳои афғонро дар он кишвар рад карда буд. "Хабари паҳншуда дуруғ аст. Вазъ дар Афғонистон ҳар соат тағйир меёбад ва бинобар ин, дар бораи тасмими дақиқе ҳарф задан барвақт аст", - гуфт сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадяров.

XS
SM
MD
LG