Ссылки доступа

Қирғизистон додани раводиди донишҷӯӣ ба афғонистониҳоро идом медиҳад


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба раҳбарии Қамчибек Тошиев мавқеи худро роҷеъ ба ҳаводиси сиёсии ахир дар Афғонистон баён намуд.

"Мо аз ҳамаи неруҳои сиёсии Афғонистон даъват мекунем, ки ақлу хиради худро нишон дода, масъули субот ва шукуфоии на танҳо ин кишвар, балки аз тамоми минтақа донанд. Дар Қирғизистон бештар аз ҳама аз тақдири ҷавонони афғон, бахусус духтароне, ки ба монанди ҷавонони қирғиз дар талоши азхудкунии илму технология ва касбҳои замонавӣ мебошанд, сахт нигарон ҳастанд. Бинобар ин, мо дастгирии ҷавонони боистеъдоди афғонро қарзи худ мешуморем", - омадааст дар изҳороти кумита.

Мақомоти амниятии Қирғизистон гуфтаанд, омодаанд додани раводид (виза)-и донишҷӯиро барои афғонистониҳое идома диҳанд, ки дар донишгоҳҳои он кишвар таҳсил мекарданд.

"Ҳамчунин Қирғизистон омодааст, то 500 довталаб аз Афғонистонро, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил кунанд, қабул намояд. Онҳо масъалаи сафар ба Қирғизистон, ҷустуҷӯи макони зист, интихоби донишгоҳ ва пули таҳсилро бояд худ ҳал кунанд", - афзудааст кумита.

XS
SM
MD
LG