Ссылки доступа

Музокироти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар марз


Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон 16 август дар марзи ду кишвар бо ҳам дидору гуфтугӯ кардаанд.

Дар ин мулоқот ҳайати Қирғизистонро раиси вилояти Бодканд Абдукарим Олимбоев ва намояндагони Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳматзода раҳбарӣ мекарданд. Ҷонибҳо дар ҳузури раҳбарони шуъбаҳои минтақавии ниҳодҳои қудратӣ ва раисони ноҳияҳои ду кишвар масъалаи таъмини амният дар марзро баррасӣ намудаанд.

"Дастур дода шуд, ки ниҳодҳои қудратии ду кишвар назорати муштараки хати марзро пурзур карда, ба кандани дубораи хандақҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ иҷозат надиҳанд. Ҳамчунин насби ҳамагуна дурбинҳои назоратӣ ва сабткунанда дар марз бо розигии ду тараф анҷом шавад", - хабар дод сардори шӯъбаи ҳифзи тартибот, амният ва ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати вилояти Ботканд Мусурмонбек Турсуматов.

​Дар хадамоти матбуотии раиси вилояти Бодканд афзуданд, ки марзбонон ва намояндагони ниҳодҳои қудратии ду кишвар аз 17 август омӯзиши муштараки пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлубро дар минтақаҳои сарҳадӣ оғоз мекунанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон даҳҳо кас аз ду тараф кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар тахриб шуд.

XS
SM
MD
LG