Ссылки доступа

Тулуъ: "Аз Афғонистон ба Тоҷикистону Узбекистон 45 парвоз анҷом шудааст"


Телевизиони "Тулуъ", шабакаи маъруфи хабарӣ дар Афғонистон, бо такя ба манобеаш иттилоъ дод, ки шаби 15-уми август аз ин кишвар "ба Тоҷикистону шаҳри Тирмизи Узбекистон 45 парвоз анҷом шудаааст".

Шабака дар ҳоле ки аз касе ё ниҳоде ном набурд, рӯзи 16-уми август иддао кард, ки "ҳаждаҳ парвоз ба Тоҷикистон сурат гирифт".

Манобеи Радиои Озодӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 16-уми август гуфтанд, ки аз Афғонистон се ҳавопаймо ва ду чархбол 143 низомиро оварданд.

Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" низ дар саҳифаи худ дар Телеграм аз қавли дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ навишт, "танҳо 2 ҳавопаймо аз Афғонистон ба Тоҷикистон фуруд омада, баргаштанд, вале мусофиронашон монданд."

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ изҳороте пахш накарданд. Ҷониби Узбекистон хабар дод, ки як ҳавопаймои низомии Афғонистонро ҳангоми гузаштан аз сарҳад дар Сурхонадарё зада афтонданд.

Фирори мансабдорон ва низомиёну мардуми одӣ аз Афғонистон дар як рӯзи охир ва баъди ба Кобул ворид шудани аъзои "Толибон" афзуд. Президент Ашраф Ғанӣ ҳам бо баъзе аз ҳамроҳонаш фирор кардааст.

Пештар гуфта мешуд, ӯ аввал ба Душанбе омада, сипас ба Умон рафтааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми август дар эъломияи расмӣ фуруди ҳавопаймои Ғаниро дар Душанбе инкор кард.

Гурӯҳи "Толибон", ки аз соли 1996 то 2001 ҷилави қудратро ба даст дошт, вале баъдан дар пайи амалиёти нирӯҳои байналмилалӣ сарнагун шуд, пас аз бист сол дигарбора назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт.

XS
SM
MD
LG